Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский пешниҳоди ҳамтои русаш Владимир Путин дар бораи оташбаси серӯзаро рад кард. Зеленский гуфт, пешниҳоди оташбаси серӯза ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон "намоиши театрӣ" барои "баромадан аз бунбаст" аст.
Президенти Украина пойфишорӣ дорад, ки оташбаси 30 рӯза ҷорӣ шавад.
"Оташбаси бидуни қайду шарт шеваест, ки амрикоиҳо пешниҳод кардаанд. Мо ба ҳамин роҳ меравем, аз имрӯз ё рӯзи дигар, ҳарчӣ барвақтар бошад ҳамон қадар хубтар. Барои чӣ оташбаси 30 рӯза? Барои онки дар се, панҷ, ҳафт рӯз намешавад ба кадом созише даст ёфт,"-навиштааст "Интерфакс-Украина" аз қавли Зеленский.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, вокуниши ҳукумати Украина ба пешниҳоди Русия, як навъ озмоиш барои омодагӣ ба сулҳ буд. Бо ин ҳама Песков изҳор доштааст, ки Маскав интизори амалкарди Украина дар рӯзи иди Ғалаба мешавад.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 28-уми апрел эълон кард, ки дар пайванд ба иди ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон оташбаси серӯза эълон шавад. Дар хабарномаи Кремл омадааст, аз соати 12-и шаби 8-уми май то 11-уми май ҳамлаи низомиёни Русия ба Украина бас хоҳад шуд.
Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки Кремл ба оташбас дар Украина даъват мекунад. Оташбаси аввал, ки рӯзи 19-уми апрели имсол барои Иди пок (Пасха) ва барои 30 соат эълон шуда буд, пурра риоя нашуд. Русия ва Украина ҳамла ба хоки якдигарро идома доданд.
Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский рӯзи 3-юми май вохӯриаш бо раиси ҷумҳури Амрико дар Ватиканро шарҳ дод.
Дидори Трамп ва Зеленский дар Ватикан
Зеленский дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “бо ҳама эҳтиром ба ҳайатҳои мо, вале формати як ба як ба назари ман хубтар кор кард. Мо фазои хуби гуфтугӯ доштем,”-гуфтааст Зеленский. Ба гуфтаи ӯ, баъди ин дидор Доналд Трамп “ба ҳама раванд бо назари дигар нигоҳ мекунад.”
Дидори Доналд Трамп бо Владимир Зеленский 26-уми апрел дар ҳошияи маросими ҷанозаи поп Франсис, дар Рим, пойтахти Италия баргузор шуд. Ин мулоқот тақрибан 15 дақиқа давом кард. Кохи Сафед дар хабарномае навишт, "онҳо ба таври хусусӣ мулоқот карда ва гуфтугӯе бисёр созанда доштанд."
Доналд Трамп як рӯз баъд аз вохӯрӣ бо Зеленский аз ҳамтои русаш Владимир Путин хост, аз ҳамла даст кашида, ба созиши хатми ҷанг дар Украина розӣ шавад.