Трамп ҳамчунин гуфт, умедвор аст, ки ба зудӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мулоқоти як ба як дошта бошад, то барои поён додан ба ҷанги Украина ба созиш бирасанд.
Русия солҳост, ки аз ҳузури нерӯҳои НАТО дар кишварҳои назди Балтик ва Лаҳистон (Полша) интиқод мекунад ва ба ҷобаҷойии низоми дифои мушакии НАТО дар Лаҳистон ва Руминия, мухолифат дорад. Кремл густариши НАТО ба шарқро як таҳдид медонад ва ҳамин масъаларо яке сабабҳои ҳамла ба Украина гуфтааст.
Дар остонаи мулоқоти президентҳои Украина ва Амрико барои имзои созишномаи дастрасии ИМА ба захираҳои маъдани Украина, Доналд Трамп мегӯяд, Амрико замонатҳои амниятии расмӣ ба Украина дар баробари ҳамлаи дубораи Русия ба ин кишварро нахоҳад дод
Доналд Трамп рӯзи 26-уми феврал гуфт, "агар мо дар рушди коркарди маъданҳои Украина ҳузур дошта бошем, ин худ як амнияти худкор аст, зеро мо дар он сарзамин хоҳем буд ва ҳеч кас дар ҳузури Амрико ҷасорати даргириро нахоҳад дошт".
Раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо хабарнигорон афзуд, "Аврупо ҳамсояи наздики Украина аст. Аммо бовар ҳосил хоҳем кард, ки ҳама чиз ба хубӣ пеш биравад".
Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки барои поёни ҷанг чӣ имтиёзоте бояд дода шавад, Трамп бори дигар узвияти Украинаро дар НАТО рад ва ба мавзеи Русия ишора кард, ки ин масъаларо сабаби оғози ҷанг медонад. Ӯ гуфт, "НАТО? Фаромӯш кунед. Фикр мекунам, ин эҳтимолан сабаби аслии оғози ҳамаи моҷаро будааст".
Украина бо Амрико қарор аст тавофуқеро бар сари манбаъҳои табиӣ имзо кунад, ки дар гирудори талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия алайҳи Киев, муҳим дониста мешавад.
Нусхае аз ин созиш ба дасти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расидааст ва он ба пурсишҳои калидӣ посух намедиҳад ва бештари ҷузъиёти он ба созиши оянда вогузор шудааст.
Барои Трамп, раисҷумҳури Амрико ин созиш мумкин аст як пирӯзии сиёсӣ бошад. Ӯ ба шиддат барои ин созиш талош карда буд ва акнун онро ба даст овардааст. Барои Зеленский кашмакашҳо бар сари ҷузъиёти созиш дар пеш аст. Дар ҳоли ҳозир, ин созиш метавонад ба коҳиши ихтилофоти шадид ва ошкори Зеленский ва Трамп кӯмак кунад. Ихтилофоте, ки дар ҷараёни он Трамп ӯро "диктатор" хонда буд.
Владимир Зеленский пештар хостори пешниҳоди замонатҳои расмӣ аз тарафи Амрико дар бораи дубора ҳуҷум накардани Русия ба хоки ин кишвар шуда буд. Аммо Трамп мегӯяд, аврупоиҳо масъули замонатҳои амнияти Украина хоҳанд буд.
Ҳукумати Ҷо Байден аз узвияти Украина дар НАТО ҳимоят карда буд, аммо барои ин кор ҷадвали замонии мушаххас пешниҳод нашуда буд.
Трамп дар ҳафтаҳои ахир фаъолона ба маъракаи поён додан ба ҷанги Украина оғоз кардааст ва мақомоти баландпояи Амрико ва Русия низ ахиран дар Арабистони Саудӣ мулоқот карданд.