Овозхонҳои тоҷикистонӣ дар як саҳна бо маъруфтарин хонандаҳои таронаҳои попи кишварҳои форсизабон ба мисли Андӣ, Ҳадиқа Киёнӣ, Ди Ҷей Алигатор овозхонӣ карданд. Дар миёни меҳмонони ҷашни имсола овозхонҳои маъруфи араб, арманӣ ва ӯзбакзабон ҳам иштирок карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарзонаи Хуршед дар маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Award дар Ню-Йорк
Ҷоизаҳои Big Apple Music Awards аз соли 2008 ба ин сӯ супурда мешаванд. Маросими эътои ин ҷоизаҳо ҳар баҳор дар Ню-Йорк мегузарад.
Таъсисдиҳандаи аслии ин маросим шабакаи телевизионии Амрико - Эридуни ТиВи гуфта мешавад. Ин канали телевизионӣ ба мусиқии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ тамаркуз мекуна, вале дар ин 6 сол доманаи ҷоизаҳои Big Apple Music Awards хеле густариш ёфта, ҳоло густураи бузурге - аз Осиёи Марказиву Қафқоз то Эрону Туркияву Ховари Миёнаро фаро мегирад. Албатта, бо иловаи фавҷи овозхонҳои эроние ки дар Амрикову Аврупо ба сар мебаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарзонаи Хуршед дар маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Award дар Ню-Йорк
Дар солҳои гузашта ҳам аз Тоҷикистон чандин бор Шабнами Сурайё, Баҳроми Ғафурӣ, Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибеки Мурод ва падараш Ҷӯрабеки Мурод дар маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Music Awards ширкат кардаву аксари онҳо ба ин ҷоизаҳо сазовор низ шудаанд.
Исми ҷоизаи - Big Apple Music Awards – аз исми кӯчаки шаҳри Ню-Йорк аст, ки бо навозиш ин шаҳри бузургтарини Амрикоро Big Apple ҳам ном мебаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳроми Ғафурӣ дар маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Award дар Ню-Йорк