Шикоят аз ғайриқонунӣ ворид кардани номи муҳоҷирон ба рӯйхати "сиёҳ"-и Русия

Новосибирск, октябри соли 2024

Дар Русия муҳоҷирони зиёде шикоят доранд, ки онҳоро ғайриқонунӣ ба феҳристи афроди зери назорат ворид карда, ҳисобҳои бонкиашонро бастаанд ва соҳаҳо барои фаъолиятҳояшонро маҳдуд кардаанд.

Феҳрист аз рӯзи 5-уми феврал ҳукми эътибор гирифтааст.

Валентина Чупик, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар сӯҳбат бо сомонаи «Агенство» гуфтааст, дар ду рӯзи гузашта 31 муҳоҷир ба ӯ шикоят кардаанд ва 8 нафарашон тоҷикон будаанд. Ирина Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Русия дар Телеграм-каналаш навиштааст, ки дар 24 соати ҳукми эътибор гирифтани феҳристи афроди таҳти назорат, мақомот беш аз 60 ҳазор муҳоҷирро тафтиш кардаанд.

Беш аз 7 ҳазор нафари онҳо ба рӯйхати қонуншиканон шомил шудаанд, гуфт ӯ.
Феҳристи баҳсбарангезро мақомоти Русия охири соли гузашта тартиб доданд ва ба он номи хориҷиёнеро ворид кардаанд, ки қоидаҳои рафтуомад ва иқоматро вайрон, ё ҷиноят содир кардаанд.

Дар ин рӯйхат номи 120 ҳазор тоҷикистонӣ низ ҳаст ва мақомоти Русия аз онҳо хоста буданд, ки то моҳи феврал санадҳояшонро қонунӣ кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Талаби нави Путин аз муҳоҷирон (Рӯзгори муҳоҷир #33)Як ниҳоди Тоҷикистон фармони Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ додДар рӯйхати сиёҳи муҳоҷирон ҳастам ё не?