Оташбас идома наёфт, аммо Трамп ба созиши Русия ва Украина умедвор аст

Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико гуфт, умед дорад, ки Русия ва Украина ин ҳафта ба созиш мерасанд ва ба ҷанг поён медиҳанд. Доналд Трамп рӯзи 20-уми апрел дар саҳифааш дар Truth Social навишт, пас аз хатми ҷанг ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо ду кишвар ба таври бесобиқа афзоиш хоҳад ёфт ва Русияву Украина рушд хоҳанд кард.

Русия рӯзи 19-уми апрел эълон кард, ки ба хотири иди муқаддаси масеҳиён ба номи Фусҳо 30 соат оташбас эълон мекунад. Украина ҳам гуфт, агар Русия ба хокаш ҳамла накунад, сарбозонаш оташбасро риоя хоҳанд кард.

Бисёриҳо умедвор буданд, ки оташбас тамдид мешавад, вале рӯзи 21-уми апрел на Русия ва на Украина дар ин бора хабар надоданд. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, ба хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, ки оташбас ба хотири Иди муқаддаси масеҳиён рӯзи душанбе ба поён расид ва Путин фармони дароз кардани муҳлати онро надод.

Владимир Зеленский, президенти Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки Русия пешниҳоди идома додани оташбас то 30 рӯзи дигар ва ҳамла накардан ба хонаи сокинону иншооти барқрасониро нодида гирифтааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, ба ҳар иқдоми Русия посухи баробар медиҳанд: Ба тир бо тир ва ба оташбас бо эълони оташбас посух хоҳанд дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оташбаси идона миёни Русияву Украина хотима ёфт

Бо ин вуҷуд, дар як рӯзи оташбас каму беш садои тирпаронӣ шунида шудааст. Русия ва Украина ҳамдигарро дар нақзи оташбас айбдор карданд. Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе эълон кард, ки шаб чанд ҳамлаи Украинаро раҳгирӣ кардааст. Украина гуфт, баръакс Русия аҳдшиканӣ кард.

Ба иддаои мақомоти Русия, артиши Украина 444 бор ба мавқеи сарбозони рус ҳамла кардааст. Мақомоти рус иддао доранд, ки 900 парвози бесарнишини Украиниро низ ба қайд гирифтанд.

Ҳарфҳои Владимир Зеленский, президенти Укарина хилофи гуфтаи мақомоти рус садо дод. Ӯ гуфт, ки пас аз эълони расмии оташбас то анҷоми он русҳо беш аз 2900 бор ба хоки Украина ҳамла карданд. Ба гуфтаи Зеленский, Русия бештар дар хати ҷанг дар Покровск ва вилояти Курск отшабасро поймол кард.

Дар давоми оташбаси эълоншуда ҳамлаҳо камтар будаанд, вале бо ин вуҷуд ду ҷониб бо пешниҳоди далелҳои худ аз нақзи оташбас гап заданд.

Русия беш аз се сол аст, ки алайҳи Украина меҷангад. Донлад Трамп, президенти Амрико, ваъда додааст, ки ба ин ҷанги хунин поён хоҳад дод. Ҷанге, ки ҳазорон нафар дар он кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.