Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 2-4-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 кишвари чаҳор қораи олам иштирок карданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо, ки бори дуюм дар Душанбе сурат гирифт, 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохил буданд.
Ба паҳлавонони тоҷик, ки шумораашон дар ин мусобиқа аз ҳама зиёд буд, бар замми ин, дар рақобатҳо байни мардон иштирок надоштани гуштигирони маъруфи Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бразилия ва Русия, шонси гирифтани ҷоизаҳоро бештар кард.
Аз чаҳор варзишгари тоҷик дар сабқати мардон дар вазни 90 кило танҳо ба як нафар – Шодмон Ризоев – муяссар шуд, ки барои медал мубориза барад. Аммо Шодмони 23-сола барои нишони биринҷӣ аз Адам Копескии 22-сола аз Ҷумҳурии Чех шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.
Дар вазни то 90 кило паҳлавони 21-солаи тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода мақоми ҳафтумро гирифт. Дар ин вазн Умедҷон Раҷабов ва Музамир Каримзода дар даври интихобӣ ноком шуданд.
Дар вазни то 100 кило низ чаҳор паҳлавони тоҷик ҳунарнамоӣ карданд. Ба Ҷаҳонгир Маҷидови 24-сола муяссар шуд, ки дар даври чаҳорякниҳоӣ бо шикаст додани ҳамватанаш Кароматулло Ҳакимов ва дар нимфинал Боймурод Маҷанов аз Туркманистон ба финал роҳ ёбад. Аммо Ҷаҳонгир дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Ҷаъфар Костоеви 26-сола шикаст хӯрд. Маҷидов бори аввал дар “Grand Slam” медали нуқра гирифт.
Дар вазни то 100 кило Кароматулло Ҳакимови 31-сола барои медали биринҷӣ Оливер Барратти 23-соларо аз Британияи Кабир шикаст дод ва бори аввал барандаи ҷоизаи “Grand Slam” гардид. Дар ин вазн паҳлавони 20-солаи тоҷик Парвиз Абдураҳмонов мақоми ҳафтумро соҳиб шуд, Муҳсин Малаев бе ҷоиза монд.
Аз чаҳор варзишгари тоҷик дар сабқати мардон дар вазни беш аз 100 кило танҳо Темур Раҳимов муборизаро барои медал идома дод. Ин паҳлавони 27-солаи тоҷик дар даври чорякниҳоӣ бар Руиксуан Ли аз Чин, дар нимфинал бар Музаффарбек Турабоеви узбекистонӣ дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт. Рақибаш дар даври ниҳоӣ Ҷамол Ғамзатхонови 25-солаи озарбойҷонӣ буд. Темур бо баҳогузории “иппон” пирӯз шуда, бори дуюм дар “Grand Slam” медали тилло гирифт.
Дар вазни беш аз 100 кило Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода ва Раҳматулло Мирзоев ноком шуданд.
Дар рӯзи охирини мусобиқа Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни занон танҳо Виктория Киселёваи 19-сола намояндагӣ кард. Вай дар вазни +78 кг дар ҳарду рақобати худ аз намояндаи Чин Йе Лианг ва узви дастаи IJF (Федератсияи байнулмилалии ҷудо) Алфия Дашкина мағлуб шуда, мақоми ҳафтумро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, дар ду рӯзи аввали мусобиқа – 2-3-юми май - варзишгарони тоҷик дар чаҳор вазн байни мардон - 60 кг, 66 кг, 73 ва 81 кг; дар се вазн миёни занон – 48 кг, 52 кг ва 57 кг рақобат карда, 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифта буданд.
Эмомалӣ Нуралӣ дар сабқати мардон дар вазни 66 кило, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кило ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кило бо медалҳои тилло; Меҳрзод Суфиев дар вазни 60 кило, Обид Ҷебов дар вазни 66 кило бо медалҳои нуқра; Ёсин Бобокалонов дар вазни 66 кило, Абубакр Шеров дар вазни 73 кило; инчунин Мадина Қурбонзода дар сабқати занон дар вазни 52 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони “Dushanbe Grand Slam 2025”:
Занон
Вазни -48 кг
1. Анудари Ҷамсран (Муғулистон)
2. Венна Жуанг (Чин)
3. Абиба Абужакюнова (Қазоқистон)
3. Вакана Инагаки (Ҷопон)
Вазни -52 кг
1. Амандин Бучард (Фаронса)
2. Муҳайё Аҳмадова (Узбекистон)
3. Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)
3. Бландин Понт (Фаронса)
Вазни -57 кг
1. Сара Леони Кюсиқю (Фаронса)
2. Наталия Елкина (IJF)
3. Ана Виктория Пюлҷиз (Хорватия)
3. Юинг Тао (Чин)
Вазни -63 кг
1. Ганхаич Болд (Муғулистон)
2. Мелкия Аучекорне (Фаронса)
3. Сейко Ватанабе (Ҷопон)
3. Лубҷана Пиовесана (Австрия)
Вазни -70 кг
1. Лара Свҷетко (Хорватия)
2. Поллард Петерсен (Британияи Кабир)
3. Дан Ю (Чин)
3. Катарзуна Собиераҷска (Лаҳистон)
Вазни -78 кг
1. Эмма Реид (Британияи Кабир)
2. Юксиао Пенг (Чин)
3. Алина Боеҳм (Олмон)
3. Калина Иссюфӣ (Фаронса)
Вазни +78 кг
1. Чунди Ҷиа (Чин)
2. Йе Лианг (Чин)
3. Номинзул Дамбадарҷаа (Муғулистон)
3. Алфия Дашкина (IJF)
Мардон
Вазни -60 кг
1. Балабой Оғоев (Озарбойҷон)
2. Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон)
3. Максим Мерлин (Фаронса)
3. Ариунбол Энхтайван (Муғулистон)
Вазни -66 кг
1. Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон)
2. Обид Ҷебов (Тоҷикистон)
3. Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)
3. Артём Штурбабин (Узбекистон)
Вазни -73 кг
1. Муҳиддин Асадуллоев (Тоҷикистон)
2. Эрденебаяр Батзая (Муғулистон)
3. Абубакр Шеров (Тоҷикистон)
3. Ҳоҷиакбар Тошев (Узбекистон)
Вазни -81 кг
1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон)
2. Адам Тсечоев (IJF)
3. Муродҷон Юлдошев (Узбекистон)
3. Коте Капанадзе (Гурҷистон)
Вазни -90 кг
1. Элҷон Ҳоҷиев (Озарбойҷон)
2. Вугар Толибов (Озарбойҷон)
3. Адам Копески (Ҷумҳурии Чех)
3. Егор Андони (IJF)
Вазни -100 кг
1. Ҷаъфар Костоев (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
2. Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)
3. Фучун Ҳуанг (Чин)
3. Кароматулло Ҳакимов (Тоҷикистон)
Вазни +100 кг
1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон)
2.Ҷамол Ғамзатхонов (Озарбойҷон)
3. Уткирбек Турабоев (Узбекистон)
3. Тиеман Диаби (Фаронса)
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати нишонҳо мунтахаби Тоҷикистон бо касби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардиданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо шуданд: ҷойи якум – 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз.
Дар байни ҳакамони мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025” як нафар аз Тоҷикистон - Рамзӣ Шамиров буд, ки довари дараҷаи олимпист.
Соли гузашта дар аввалин мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”, ки бо иштироки 390 варзишгар аз 65 кишвар доир гардид, паҳлавонони тоҷик 7 медал ба даст оварда буданд.
Ягона медали тиллоро порсол Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни 60 кило соҳиб шуд. Обид Ҷебов (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо медалҳои нуқра, Муллораҷаб Халифаев (66 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.