Музокироти Киев бо Амрико ва Аврупо дар Лондон доир мешавад

UKRAINE – Ukraine's President Volodymyr Zelenskyy gives a press conference in Kyiv, Ukraine, on February 19, 2025

Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки рӯзи 23-юми апрел музокироти Киев бо намояндагони ИМА ва кишварҳои Аврупо дар Лондон баргузор мешавад.

Зеленский баъди сӯҳбат бо нахуствазири Бритониё, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, бо Британияи Кабир, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи дастрасӣ ба оташбас ва сулҳи пойдор гуфтугӯ мекунанд.

"Бидуни шак оташбас бояд қадами аввал дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ бошад. Қатъи муваққати ҷанг дар иди Пасха нишон дод, ки амалкарди Русия монеи асосӣ дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ аст",-навиштааст раиси ҷумҳури Украина.

Ба иттилои манобеи бунгоҳи Bloomberg, аз тарафи ИМА котиби давлатӣ Марко Рубио, фиристодаҳои вижаи президент Стив Уиткофф ва Кит Келлог дар ин гуфтугӯҳо ширкат мекунанд.

Ба гузориши нашрияи Wall Street Journal, қарор аст дар ин дидор ИМА пешниҳодҳои худро дар бораи хатми ҷанг ба Украина ироа кунад.

Ба қавли ин манбаъ, эътирофи нимҷазираи Қрим ҳамчун хоки Русия ва худдории Украина аз пайвастан ба НАТО, аз чунин пешниҳодҳои ИМА будаанд.