Кобулов гуфт, ки Русия бо Толибон зидди ДОИШ ҳамкорӣ мекунад

Замир Кобулов ҳини мулоқот бо намояндагони Толибон.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон мегӯяд, Маскав омодааст, ки дар мубориза алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ кунад. Ӯ ба хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, ки ДОИШ душмани муштараки Кобул ва Маскав аст.

Замир Кобул афзуд, ки Русия аз муборизаи ҳукумати Толибон алайҳи "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ, ситоиш мекунад. Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон бидуни додани ҷузъиёти бештар гуфт, ки Русия аз роҳҳои махсус бо мақомоти Толибон дар ин замина кӯмак ва ҳамкорӣ хоҳад кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар изҳороти соли гузаштаи худ ҳукумати Толибонро шарик ва муттаҳиди Русия дар мубориза алайҳи терроризм хонда буд.

Ҳанӯз ҳеч кишвари ҷаҳон ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтааст, вале Маскав бо доштани робитаҳои наздиктар бо Толибон, моҳи гузашта номи ин гурӯҳро аз феҳрасти созмонҳои террористӣ берун кард.

Замир Кобулов дар ин мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки Маскав ва Кобул талош доранд, робитаҳои худро дар арсаҳои гуногун беҳбуд бахшанд ва Русия ба Толибон пешниҳод кардааст, ки сафири худро ба Маскав бифиристанд ва мунтазири посухи Толибон ба ин пешниҳод аст.

Аз замони ба сари қудрати омадани Толибон дар августи соли 2021, то кунун ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст. Толибон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи ҳуқуқи башар, маҳдуд кардани озодии баён ва манъи занону духтарон аз кору таҳсил, танқид мешаванд.