Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, то соати дувоздаҳ 59 дарсади мардум овоз доданд ва "интихобот баргузоршуда аст". Иттилоъро хабаргузории давлатии "Ховар" аз номи раиси КМИР, Бахтиёр Худоёрзода, нашр кард.
Тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имконпазир нест. Ҳамчунин, ба далели иҷоза надоштани хабарнигорон барои бозтоби корзори сиёсӣ маълум нест, ки ҳузури одамон дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ бештар будааст ё камтар.
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз мушоҳидаи интихобот даст кашида, аксар расонаҳои мустақилу байнулмилалӣ барои бозтоби ин корзори сиёсӣ иҷоза надоранд. Дар интихоботҳои пешина ҳузури ками раъйдиҳандагон, овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳои пуршуда ба сандуқҳои раъйдиҳӣ сабт шуда буд.
То кунун намояндагони чанд ҳизбу созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа интихоботро "намоишӣ" донистанд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ба бойкот даъват кард. Раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, интихоботро маҳкум намуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Рақобат нест, танҳо фармонбардорҳо иҷозаи иштирок доранд"
Ин интихоботи ҳафтуми порлумонӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст.
Созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар кишвар дурусту қонунӣ шумурдаанд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.