Волидайни Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст, аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостанд ӯро озод кунад. Падару модари рӯзноманигор дар номаашон ба президент навиштаанд, "фарзандони ширхори Рухшона ба меҳру навозиши модар ниёз доранд." Вокуниши мақомот ба ин нома ҳанӯз маълум нест.
Мақсуда Шаропова, модари Рухшона Ҳакимова нома ба президентро рӯзи 2-юми май дар саҳифаи фейсбукиаш нашр кардааст.
Волидайни рӯзноманигор дар ин нома гуфтаанд, онҳо солҳо ҳамчун омӯзгор ва корманди мақомоти маҳаллӣ кор карда, фарзандашонро "бо эҳтирому дӯстдоштани арзишҳои миллӣ" ба воя расондаанд.
"Мо, волидайн бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки фарзандамон Рухшона дар ҳеҷ ваҷҳ даст ба хиёнат намезанад, чунки ӯ дар оилаи омӯзгорон (волидон ҳар ду Муаллиманду ҳоло маъюб ва нафақахӯр! Зиёда аз 40 сол ба тарбияи насли наврас машғуланд) таваллуд ва тарбия ёфтааст,"-омадааст дар номаи волидайни Рухшона Ҳакимова.
Пайвандони хабарнигор ҳамчунин аз Рухшона тавсиф кардаанд, ки дар мактаб ва донишгоҳ аъло таҳсил карда, 12 сол "фаъолияти софдилонаи рӯзноманигорӣ" кардааст.
Рухшона Ҳакимова ду фарзанди хурдсол дорад
Падару модари Рухшона Ҳакимова аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, ки бо назардошти "фарзандони ширхори ӯ, ки ба меҳру навозиши Модар ниёз доранд," барои озодии хабарнигор мусоидат кунад.
Ин бори аввал нест, ки барои озодии Рухшона Ҳакимова аз президент Эмомалӣ Раҳмон кумак мехоҳанд. Рӯзи 7-уми март даҳҳо намояндаи занони саршиноси тоҷик бо фиристодани номае ба президент Эмомалӣ Раҳмон, хоҳони бозбинии ҳукми хабарнигор Рухшона Ҳакимова шуданд. Аммо мақомот ба ин нома вокуниш накарданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврал ин хабарнигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард. Шикояти Рухшона Ҳакимова ва вакили дифоаш барои бозбинии ҳукм рад шуд ва хабарнигорро 22-юми апрел ба зиндони занонаишаҳри Норак бурданд. Ҳамчунин наздик ба 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова ҳам мусодира шудааст. Ҳукми ин хабарнигор дар ҷомеаи Тоҷикистон сарусадои зиёдеро ба миён овард.