Амрико ва Украина созишномаи истихроҷи маъданро имзо карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Украина дар ниҳоят созишномаеро имзо карданд, ки баҳсу кашмакаш сари он чанд моҳ идома дошт. Бар асоси ин созишнома, Украина ба Амрико иҷоза медиҳад, дар ивази кӯмакҳои низомиаш ба Киев аз маъданҳои нодире истифода барад, ки рақобат барои он дар ҷаҳон бисёр сахт аст.