Манбаъҳо: Раиси барканоршудаи фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

Тибқи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, боздошт шудааст. Манбаъҳо ҳамчунин аз боздошти муовинони ӯ хабар медиҳанд. Аммо мақомот ба таври расмӣ хабарро тасдиқ намекунанд. Исматулло Абдуллозода ва муовинонаш рӯзи 2 май, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Боздошти Абдуллозодаро чанд манбаъ, аз ҷумла, хешовандони ӯ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ ва ҳамроҳонаш барои аз худ кардани ҳудуди 500 миллион сомонӣ, айбдор мешаванд. Манбаъ афзуд, ки агар зиён ҷуброн шавад, эҳтимол дорад онҳо раҳо шаванд. Назари расмӣ дар ин робита дастрас нест.

Як манбаи дигари Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдуллозодаро ҳамроҳи муовинаш шомгоҳи 2-юми май дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО), маҳкам кардаанд. "Аслиддин Меликов, муовини раиси фурудгоҳ, ҳамроҳ бо ӯ дар боздошт аст",-гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, ки Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон алайҳи Абдуллозода ва муовинаш парванда боз кардааст. Ҷузъиёт ҳанӯз маълум нест.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар пайванд ба ин қазия, то лаҳзаи нашри ин хабар бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудани маълумоти расмӣ, Радиои Озодӣ онро нашр хоҳад кард.

Хабари барканории Исматулло Абдуллозода рӯзи 2 май нашр шуд. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд".

Вале хабари расмӣ, ба ҷуз ин ҷумла, ҷузъиёти бештаре надод ва маълум нест, ки манзур аз "камбудиҳои ҷиддӣ" чист.

Феълан маълум нест, ки сарнавишти баъдии Исматулло Абдуллозода ва муовинони барканоршудааш чӣ мешавад? Ва низ маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин шудаанд ё не.

Исматулло Абдуллозода январи соли 2016 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъин шуда буд.

Дар пайи барканории Исматуллозода, худи ҳамон рӯз бо қарори президент Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷои ӯ Зайнулло Шарифзода раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, таъин шуд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 2 май маросими муаррифии Зайнулло Шарифзода дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, баргузор шуд.

Шарифзода як соли охир дар мақоми мудири Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон кор мекард. Вале исми ӯ бештар бо сабаби хешовандони президент буданаш маъруф аст.

Зайнулло Шарифзода аз хонаводаи Соҳибовҳо аст, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон риштаи хешутаборӣ доранд. Амаки Зайнулло - Маҳмадзоир Соҳибов бо духтари калонии президент - Фирӯза Раҳмонова ва бародари Зайнулло - Шамсулло Соҳибов бо духтари панҷуми Эмомалӣ Раҳмон - Рухшона Раҳмонова издивоҷ кардаанд.