Достони як ҷавонзани аробакаш. "Аз кори сангин камарам месӯзад”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Душанбе як зани ҷавони тоҷик бо шавҳари нотавонаш ва тифли хурдсоле ҳар рӯз ба аробакашӣ меравад. Бо вуҷуди сахтиҳои зиёд мегӯяд, ки дигар бояд худаш зиндагиашро пеш барад, чун намехоҳад, "пеши дари касе биравад".