Додгоҳи олии ИМА дархости маъмурияти президент Доналд Трампро дар бораи масдуд кардани 2 миллиард доллар маблағ барои пардохти пули тарҳҳои аллакай иҷрошудаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рад кард.
Аз ин пеш додгоҳи федеролии Вашингтон ҳам қарор кард, ки дархости маъмурияти президент оид ба боздошта шудани ин маблағҳо қонеъ нашавад ва пулҳо бояд то 26 феврал фиристода шаванд.
Дафтари Трамп аз болои ин қарор ба Додгоҳи олӣ шикоят карда буд. Қарори додгоҳи федеролиро дар Додгоҳи олӣ панҷ додрас, аз ҷумла ду додраси ҷумҳурихоҳ ҳам дастгирӣ карданд.
Дар поёни моҳи феврал маъмурияти Доналд Трамп қарор кард, ки ироаи беш аз 90% кӯмакҳои хориҷии ИМА тавассути USAID боздошта шавад.
Ҳаҷми пулии ин ёриҳо 57 миллиард долларро ташкил медиҳад, гуфта шудааст дар санадҳои додгоҳӣ. USAID оҷонсии мустақили ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистонро бе ёриҳои байнулмилалӣ чӣ интизор аст?Посухи маъмурияти Доналд Трамп дар бораи USAID ба додгоҳUSAID баста шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамкори нав меҷӯяд