Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба «Дастаи ҳаваскорони нобиноён» маблағи беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.
Ин даста барои аввалин бор дар як чорабинии ҳукумати Кӯлоб ҳунарнамоӣ кардааст ва шаҳрдори Кӯлоб бо нишони қадрдонӣ ба онҳо беш аз даҳ ҳазор сомонӣ маблағ додааст.
Раҷабалӣ Ҳасанов, сардори «Дастаи ҳаваскорони нобиноён» мегӯяд, акнун он нобиноёне, ки дар хиёбонҳо бо сарояндагӣ талбандагӣ мекарданд, дар ин даста гирд омадаанд ва дигар гадоӣ намекунанд.
Аммо ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам нобиноён мушкилоти зиёди ҳалношуда доранд. Бунафша Маҳмадуллоева, узви дигари ин даста мегӯяд, онҳо дар ошёнаи чорум зиндагӣ мекунанд ва дар боронгариҳо боми хонаҳояшон мечакад: «Мо наметавонем боми хонаҳоямонро худ таъмир кунем, зеро дида наметавонем. Дар боронгариҳо ҳамаи хонаамон тар мешавад. Аз ҳукумат ҳоҳиш дорем, ки як кӯмак карда, ҳамин хонаҳоямонро таъмир кунанд.»
Зулфия Динорова, овозхони дигари нобино мегӯяд, теъдоди нобиноён дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, аз ин рӯ, онҳо хоҳиш доранд, то дар қатори дигар маъюбон президент бо онҳо низ вохӯрӣ кунад: «Президент бо дигар маъюбон вохӯрӣ кардааст. Мо ҳам гапҳои зиёди ногуфта дорем ва агар як бор президент бо мо вохӯрӣ ташкил кунад, ин гапҳоямонро мегӯем. Бояд моро ҳам гӯш кунанд.»
«ДИЛ ЗИ ҶОН СЕР ШАВАД…»
Дар ҳамин ҳол, Санг Сафолов, раиси ҷамъиятӣ нобиноён мегӯяд, нобиноён ба худ ҳазор дарду ғам доранд ва танҳо макони дилхушии онҳо ин дастаи ҳаваскорон аст: «Ин ҷо ҳамаи нобиноён дилхушӣ мекунанд. Оянда на танҳо онҳо худро, балки дигаронро низ хурсанд хоҳанд кард. Мо ҳам як увзи ҷомеаем ва бо кори худ дар ҷомеа саҳмгузор бояд бошем. Ҳамин ҳунар ҳоло аз дасти мо меояд ва мо мехоҳем, ҳаминро иҷро кунем».