Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар сӯҳбати он-лайни торнамои Радиои Озодӣ, ки имрӯз баргузор шуд, ба суолҳои хонандагон посух дод. Ин гуфтугӯ бо шумори зиёди ширкаткунандагон бесобиқа буд ва беш аз сад хонанда суолҳои худро ба вазир ирсол карданд.
Бештари суолҳо ба масъалаи манъи рӯсарӣ дар макотиби Тоҷикистон рабт дошт. Вазири маориф дар посух ба ин суолҳо гуфт, ки дастурамали либоси мактабӣ муддати як сол аз сӯи мутахассисон ва кормандони соҳа баррасӣ гардида, бо назардошти арзишҳои миллӣ қабул шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дастурамали либоси ягонаи мактабӣ баробарии муҳассилинро таъмин мекунад ва на танҳо сатр, балки либосҳои нимбараҳна ва зебу зинати зиёдро низ манъ кардааст.