Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Яман


Артиши Исроил шоми 5 май эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии як рӯз пештари ҳусиҳо ба наздикии фурудгоҳи аслии ин кишвар, Бандари Ҳудайда дар Яманро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.

Артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст, ки дар ин амалиёт ҳудуди 20 ҳавопаймои ҷангии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба зерсохтҳои ҳусиҳо 50 бомба партоб карданд.

Тибқи ин баёния, ҳусиҳо Бандари Ҳудайдаро "барои интиқоли силоҳҳо, таҷҳизоти низомӣ ва дигар таҷҳизоти эронӣ", истифода мекарданд.

Ҳусиҳо бо тасдиқи ҳамлаҳои шоми 5 май, онро ба Исроил ва Амрико нисбат додаанд.

Бо ин ҳол, як мақоми низомии Амрико, ки нахостааст аз ӯ ном бурда шавад, ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, "нерӯҳои ҳавоии амрикоӣ дар ҳамлаҳои имрӯзи Исроил ба Яман иштирок надоштанд".

Қаблан бархе расонаҳои исроилӣ гузориш дода буданд, ки ин ҳамлаҳо бо ҳамоҳангии комили Вашингтон сурат гирифтааст.

Расонаҳои вобаста ба ҳусиҳо аз қавли мақомоти тандурустии ин гурӯҳи ҳоким бар Яман гуфтанд, ки бар асари ин ҳамлаҳо дастикам ду нафар ҷон бохта ва 42 тан захмӣ шуданд.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз се манбаъ гузориш дод, ки ҳамлаҳо ва оташсӯзӣ боиси хисороти шадид дар Бандари Ҳудайда шудааст. Ду манбаи дигар ҳам ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки минтақаи гумрукии ин бандар ҳудуди 70 дарсад осеб дидааст.

Бандари Ҳудайда пас аз Бандари Адан, дувумин бандари калони Яман дар Баҳри Сурх аст ва ҳудуди 80 дарсади маводи хӯроквории ин кишвар аз ин тариқ ворид мешавад.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз" аз қавли сокинони маҳаллӣ, баъзе корхонаҳо дар ин бандар ҳадаф қарор гирифтаанд.

Тибқи гузоришҳо, ҳамчунин ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба вилояти Ал-Ҷавф дар шимоли Яман, ҳамла кардаанд.

Артиши Исроил Эронро масъули таъмини молӣ ва ҳидояти ҳамлаҳои ҳусиҳо дар 18 моҳи гузашта донист ва таъкид кард, ки ба ҳамлаҳои ҷавобӣ дар ҳар масофае бошад, идома хоҳад дод.

Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки бар асари бархӯрди як мушак ба наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурион дар атрофи Телавив, чанд нафар захмӣ шуданд.

Ин нахустин бор буд, ки як мушак аз Яман тавонист аз системаи дифоии Исроил убур карда, мустақиман ба атрофи фурудгоҳ бархӯрад.

Бинобар гузоришҳо, шаш нафар бар асари ин ҳамла захмӣ шуданд ва парвозҳо барои чанд муддат қатъ шуданд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 4 май гуфт, ки ба ин ҳамлаи ҳусиҳо посухи сахт медиҳанд

Ҳусиҳо низ бо таҳдид ба идомаи ҳамлаҳо, аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостанд парвозҳои худро ба фурудгоҳҳои Исроил бекор кунанд. Дар баёнияе онҳо эълон карданд, қасд доранд "муҳосираи ҳавоии ҳамаҷонибае" алайҳи Исроил ҷорӣ карда, ба вижа фурудгоҳи Бен-Гурионро борҳо ҳадаф қарор диҳанд.

Дар вокуниш ба ин таҳаввулот, Эрон ҳар гуна нақш доштан дар ин ҳамлаҳоро рад кард ва онро тасмими мустақил аз сӯи ҳусиҳо донист. Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз "паёмадҳо"-и ҳаргуна ҳамла ба хоки Эрон ҳушдор дод ва эълон кард, "Эрон қотеъона бар ҳаққи худ барои дифоъ аз худ таъкид мекунад".

Дар видеое, ки пулиси Исроил нашр кард, кормандон дар наздикии чуқурии амиқе, ки бар асари бархӯрди мушак дар терминали фурудгоҳи Бен-Гурион ба вуҷуд омадааст, дида мешаванд.

Ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳо аз давраи президентии Ҷо Байден оғоз шуд, аммо тибқи гузоришҳо, дар давраи президентии Доналд Трамп афзоиш ёфт.

Дар ҳоле, ки танишҳо дар Ховари Миёна боло гирифтааст, бисёре нигарони густариши ҷанг аз Ғазза ба ҷабҳаҳои нав, аз ҷумла, Яман ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG